нақлӣ — [نقلي] мансуб ба нақл; ривоятӣ; илмҳои ақлӣ ва нақлӣ илмҳои фалсафӣ ва илмҳои марбут ба ҳадису ривоятҳо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аждар — [اژدر] мори калони афсонавӣ, ки тибқи ривоятҳо аз даҳонаш оташ мебарорад ва ҳама чизро фурӯ мекашад, аждаҳо: аждари дусара; ба тариқи истиора аждари зулм … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аждаҳошаванда — [اژدهاشونده] :асои аждаҳошавандаи Мӯсо киноя аз асои Мӯсо пайғамбар, ки тибқи ривоятҳо ҳангоми ба замин партофтан он ба аждаҳо мубаддал гашта, молу амволи соҳиронро фурӯ бурдааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
азоб — [عذاب] а. озор, дард, ранҷ, машаққат, уқубат: азоби ботинӣ, азоби рӯҳӣ, азоби виҷдон; азоби гуруснагӣ машаққати гуруснагӣ, гуруснагии бисёр сахт; азоби гӯр а) д. азобе, ки тибқи ривоятҳои динӣ ду фаришта – Мункару Накир ба одами гунаҳкор дар гӯр… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асо — [عصا] а 1. чӯбе, ки барои такя карда роҳ гаштан истифода мешавад, чӯбдаст, таёқ; асои бағалӣ ниг. асобағал; асои Мӯсо д. асои Мӯсо пайғамбар, ки тибқи ривоятҳо ба замин мепартофт, аждаҳо мешуд; асои пирии падарон киноя аз фарзандон, ки дар пирӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асотир — [اساطير] а 1. ҷ. устура 2. адш. ривоят ва қиссаву афсонаҳои қадимӣ дар бораи худоҳо, қаҳрамонҳо, деву арвоҳ ва ғ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ахбор — [اخبار] а 1. ҷ. хабар; арбоби ахбор хабардиҳандагон, хабарнигорон; воситаҳои ахбори умум ниг. восита; ахбор гирифтан хабар гирифтан, бохабар шудан 2. барномаи хабарҳои тоза дар бораи вазъияти рӯз, ки аз радио, телевизион ва дигар воситаҳо пахш ва … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
балегӯй — [بلي گوي] 1. маҷ. хушомадгӯ, лаббайкгӯ, чоплус 2. кҳн. ёридиҳандаи маддоҳон – хонандагони қиссаҳои ривоятӣ, ки дар вақти қиссахонӣ бо нидои худ диққати сомеонро ба тарафи қиссахон ҷалб менамуданд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гил — [گل] 1. хоке, ки бо об омехта шудааст, лой; хоки сахт ва хушк; гили ба оташ тобовар ниг. гилмоя; кори гил корҳои марбут ба хок (аз қабили хандақ кандану хок кандан, лой кардан ва ғ.); гил задан бо лой маҳкам кардан; гил кардан лой тайёр кардан 2 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуфтан — [گفتن] 1. гап задан, ҳарф задан, сухан кардан; ба забон овардан; изҳор кардан, баён намудан 2. нақл кардан, ҳикоят кардан; ривоят кардан: мегуфтанд, ки… 3. номидан, ном бурдан 4. ба назм даровардан, сароидан: шеър гуфтан 5. ният кардан, ирода… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ